Пайвандҳои дастрасӣ

Либия аз Нигер истирдоди Саъдӣ Қаззофиро хостааст


Саъдӣ Қаззофӣ

Саъдӣ Қаззофӣ

Либия аз кишвари африқоии Нигер хостааст, ки Саъдӣ, яке аз писарони Муаммар Қаззофиро таслим кунад. Вазири адлияи Нигер Мороу Амадоу дархости Либияро тасдиқ кард, вале гуфт, кишвараш Саъдӣ Қаззофиро нахоҳад супурд, чунки ӯ дар Либия шояд кушта шавад. Шӯрои миллии гузор истирдоди зуди Саъдӣ ва ёрони ӯро тақозо дорад. Мақомоти Нигер мегӯянд, розианд, то ҳаракатҳои писари Қаззофиро маҳдуд ва пасон ин мавзӯъро бо вазири хориҷаи Либия Ашӯр Бин Ҳаял баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG