Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи Ҳамза Қошғарӣ аз Малайзия


Малайзия имрӯз хабарнигори 23-солаи саудӣ Ҳамза Қошғариро ихроҷ кард. Қошғарӣ баъди нашри як матлаб дар Twitter дар зодрӯзи паёмбари Ислом Муҳаммад тарки Арабистони Саудӣ карда буд. Ӯ ҳафтае пеш бо хитоб ба паёмбар навишт, ки “Ман чизҳоеро дар бораат дӯст медораму чизҳоеро дар бораат бад мебинам ва чизи зиёде ҳам ҳаст дар бораат, ки ман намефаҳмам. Ман бароят намоз нахоҳам хонд.” Ин матлаб вокуниши умдатан манфии ҳазорон нафарро барангехт. Рӯҳониёни аршад Қошғариро “кофир” ҳукм карда, хостори муҷозоти ӯ шуданд. Таҳқири паёмбар дар Ислом гуноҳ буда, дар Саудия муҷозоташ ҳукми эъдом аст. Бино ба хабарҳо, Қошғарӣ дар ҳавопаймо ҳамроҳ бо мақомоти саудӣ баргаштааст.
XS
SM
MD
LG