Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи ҳавоии артиши Туркия алайҳи чирикиҳо


Ҳавопаймоҳои артиши Туркия маконҳои эҳтимолии чирикиҳои курдро дар шимоли Ироқ бомббор кардаанд. Низомиҳои Туркия мегӯянд, ҳамлаҳои шаби шанбе болои паноҳгоҳҳо дар манотиқи марзии Зап ва Ҳакурк сурат гирифт.Даргириҳо байни нирӯҳои Туркия ва чирикиҳои Ҳизби коргарии Курдистон дар моҳҳои охир шиддат гирифтааст.Ин чирикиҳо, ки бархеаш дар шимоли Ироқ паноҳ мебаранд, аз соли 1984 барои мухторияти вилоёти курднишини ҷанубушарқи Туркия мубориза мебаранд. Дар ин муддат дар набардҳо ҳудуди 45 000 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG