Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи терминали нави нафт дар Басраи Ироқ


Ироқ дар бандари Басра як терминали нав барои киштиҳои нафткашро дар халиҷи Форс мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Мудири ширкати давлатии нафт Зиё Ҷаъфар гуфт, нафти хом аз як ҳафта то 10 рӯзи дигар тавассути лӯлаҳо ба ин терминал хоҳад рехт.Сухангӯи вазорати нафти Ироқ Осим Ҷиҳод гуфт, содироти нафт тавассути ҷануби кишвар аз моҳи оянда то 200 000 бушка дар рӯз хоҳад афзуд. Ироқ ҳар рӯз то 2,3 миллион бушка нафт содир хоҳад кард, ки 1,9 миллионаш фаровардаи конҳои нафти ҷануби ин кишвар аст. 95 дарсади фоидаи будҷаи давлатии Ироқ аз ҳисоби фурӯши нафт ба даст меояд.
XS
SM
MD
LG