Пайвандҳои дастрасӣ

Уитнӣ Ҳюстон дар синни 48 аз дунё гузашт


Уитнӣ Ҳюстон

Уитнӣ Ҳюстон

Овозхони маъруфи амрикоӣ Уитнӣ Ҳюстон дар синни 48 дар Лос-Анҷелес ба дунё падруд гуфт. Уитнӣ Ҳюстон дар солҳои 80 ва 90 бо таронаҳое, чун "How Will I Know," Saving All My Love" ва "I Will Always Love You", ва ҳам бо иҷрои нақши асосӣ дар филми “Муҳофиз” шӯҳрати ҷаҳонӣ касб кард, вале мӯътодӣ ба маводи мухаддир ӯро аз ин арши шӯҳрат пойин овард ва дар солҳои охир бештар аз мушкилоти шахсии ӯ сӯҳбат мешуд, то аз таронаҳои нави Уитнӣ.
Иллати марги Уитнӣ Ҳюстон, ки зӯҳри шанбе дар ҳуҷрааш дар меҳмонсарои “Beverly Hilton” иттифоқ уфтод, ҳанӯз рӯшан нест. Аммо пулис мегӯяд, дар ин қазия “ягон нишонаи ошкори қасди ҷиноӣ” нест.
XS
SM
MD
LG