Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лигаи Араб мавзӯъи Сурияро баҳс мекунад


Вазирони хориҷаи Лигаи Араб имрӯз дар Қоҳира роҳҳои хатми хушунат дар Сурияро баҳс хоҳанд кард. Ин нишаст дар ҳолест, ки ошӯбҳо дар Сурия рӯ ба вахомат оварда, рӯзи ҷумъа муддате ба қаламрави Лубнони ҳамсоя низ гузашт. Дирӯз дар Димишқ Исо Хавлӣ - як генерали артиши Сурия ҳамкушта шуд.
Русияву Чин рӯзи 4 феврал дар Шӯрои Амнияти СММ ба тарҳи Лигаи Араб, ки раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро ба таҳвили қудрат ба ноибаш даъват мекард, вето гузоштанд.
XS
SM
MD
LG