Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳоду Алишер: Омодагӣ ба бозиҳои Лондон


Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, ду варзишгари риштаи таэквандо дар Тоҷикистон мақсад доранд, ки аз бозиҳои олимпии тобистонаи Лондон ба ватан бо медал баргарданд.

Дар таърихи риштаи "таэквандои тоҷик" барои нахустин бор аст, ки Фарҳод ва Алишер роҳхати бозиҳои олимпиро ба даст оварда ва ҳамакнун пайи тамрини ҷиддӣ барои расидан ба ҳадафи худ ҳастанд.

Алишер ва Фарҳод моҳи декабри соли гузашта дар мусобиқаи интихобии қораи Осиё дар риштаи таэквандо WTF дар вазнҳои 80 ва бештар аз 80 кило мақоми дувум ва сеюмро касб карда, соҳиби роҳхат ба бозиҳои олимпии Лондон-2012 шуданд.

Ин ду варзишгари тоҷик се соли ахир таҳти раҳбарии мураббии куриёгӣ Чон Чонг Фи тамрини ҷиддӣ мегиранд. Ҳамзамон барои тамрини бадани онҳо як мураббии эронӣ ҳам истихдом шуда, омодагии варзишгарони тоҷик ба олимпиадаи Лондонро ҷиддитар гирифтааст.

Алишер дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва Фарҳод дар риштаи таърихи донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунанд. Аммо, мегӯянд онҳо, таэквандо ба як бахши муҳиме дар ҳаёташон табдил шудааст ва агар олимпидаи Лондон барояшон бобарор гардад, исми онҳо дар таърихи варзиши тоҷик сабт хоҳад шуд.

Дар навор: Тамрин ва ҳадафҳои Алишеру Фарҳод

Дар роҳ ба сӯи Лондон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG