Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, Теҳрон то чанд рӯзи дигар тарҳҳои муҳими ҳастаияшро муаррифӣ хоҳад кард.

Аҳмадинажод гуфт, “дар рӯзҳои наздик мо шоҳиди ифтитоҳ ва баҳрабардорӣ аз барномаҳои ҷадиди ҳастаӣ дар Эрон хоҳем шуд.”

Раисиҷумҳури Эрон, ки дар як раҳпаймоӣ ба муносибати солгарди 33-юми инқилоби исломии кишвараш сӯҳбат мекард, аз ҷузъиёти тарҳҳои ҷадиде, ки эълом хоҳанд шуд, чизе нагуфт.

Аммо изҳороти ӯ ҳатман боиси афзоиши таниши Эрон бо кишварҳое хоҳад шуд, ки ҷумҳурии исломиро ба таъқиби барномаи таслиҳоти ҳастаӣ айбдор мекунанд.

Оҷонси байналмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ дар моҳи ноябр гузориш дода буд, ки Эрон ғанисозии уранро дар корхонаи Форду, ки дар наздикии Қум ва дар умқи кӯҳ сохта шудааст, ба 20 дарсад расондааст. Чунин сатҳи ғанисозӣ назар ба сатҳи лозим барои тавлиди маводи сӯхти ҳастаӣ болотар, вале аз 90 дарсад ғанисозии лозим барои сохтани бомби ҳастаӣ ҳанӯз камтар аст.

Мақомоти Эрон қаблан гуфта буданд, ки тибқи нақшаи онҳо, нахустин бастаи урани ғанишуда дар сатҳи 20 дарсад то моҳи март дар ихтиёри реактори ҳастаии Теҳрон қарор хоҳад гирифт. Дар Ғарб гумон мебаранд, ки ин реактори пажӯҳишӣ метавонад барои сохтани маводи лозим барои бомби ҳастаӣ низ истифода шавад.

Аҳмадинажод дар баробари издиҳоми тақрибан 30 ҳазор нафарие, ки шиорҳои “Марг ба Амрико” ва “Марг ба Исроил”-ро ҳам баланд карда буданд, бори дигар аз Амрикову Исроил ба тундӣ интиқод кард. Дар расми таҷлил аз солгарди инқилоби исломӣ дар майдони Озодии Теҳрон як нусхаи ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро ҳам ба намоиш гузошта буданд. Эрон ин ҳавопайморо моҳи декабр дар наздикии марзаш бо Афғонистон суқут дода буд.

Раисиҷумҳури Эрон гуфт, Амрикову Ғарб “афсонаи ба ном Ҳолокост”-ро ба хотири таъсиси давлати Исроил ҳамчун бахши барномаи “истеъмори дунё” бофтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG