Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як узви Ҷайши Маҳдӣ дар канори Бишкек


Нирӯҳои амниятии Қирғизистон як узви гурӯҳи террористии Ҷайши Маҳдиро дастгир кардаанд. Ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллӣ, Дониёр Қодиралиев дар як амалиёт дар канори Бишкек боздошт шуда, аз ӯ як автомати Калашников, муҳимот ва маводи мунфаҷираи худсохт низ гирифтаанд. Аз поёни моҳи сентябр ба ин сӯ Қодиралиев нахустин узви Ҷайши Маҳдист, ки дар Қирғизистон дастгир мешавад. Мақомот ин гурӯҳро масъули таркишҳо дар атрофи синагога ва Қасри варзиши Бишкек ва ҳам талоши нокоми таркондани як мошини бомбгузоришуда дар як идораи пулиси пойтахти Қирғизистон мешуморанд.
XS
SM
MD
LG