Пайвандҳои дастрасӣ

У.Қодиров қасди куштани Обамаро эътироф кард


Улуғбек Қодиров

Улуғбек Қодиров

Муҳоҷири 22-солаи узбак Улуғбек Қодиров дар додгоҳи Амрико иқрор кард, ки қасди куштани раиси ин ҷумҳурӣ Барак Обамаро дар сар дошт. Бовар меравад, ки ӯ узви Ҳаракати исломии Узбакистон буда, тавассути Интернет бо як нафари мавсум ба “Амир”, ки ба бовари худи Қодиров, аз ҳамин гурӯҳ аст, тамос барқарор карда буд. Улуғбек Қодиров моҳи июл дар меҳмонсарое дар минтақаи Бирмингҳеми Амрико вақте дастгир шуд, ки мехост аз як маъмури давлатӣ силоҳ бихарад. Ҳукми ӯ 17 май эълон хоҳад шуд. Ба Қодиров, ки бо як визаи донишҷӯӣ вориди Амрико шуда буд, то 30 сол ҳукми зиндон ва 750 000 доллар ҷарима таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG