Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли як генерали артиши Сурия дар Димишқ


Матбуоти давлатии Сурия мегӯяд, ки афроди мусаллаҳ як генерали артишро дар Димишқ куштаанд. Хабаргузории САНО ин нафарро раҳбари бемористони низомӣ Исо ал-Хавлӣ ном бурдааст. Тайи 11 моҳи ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад, ин нахустин мавриди қатли афсаре чунин баландпоя дар ин кишвари арабист. Бо ин ҳол, дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ҳамлаҳои маргталабонаи рӯзи ҷумъа дар шаҳри Ҳалаби Сурияро, ки 28 кушта ва то 235 захмӣ ба ҷо гузошт, маҳкум кард ва хостори “ҳалли сиёсии фарогир ва сулҳомез”-и буҳрони Сурия шуд. Ҳамлаҳои Ҳалаб дар ҳолест, ки амалиёти нирӯҳои давлатии Сурия дар шаҳри оӯшбзадаи Ҳумс идома дорад. Ба гуфтаи фаъолон, тайи як ҳафта дар Ҳумс садҳо тан кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG