Пайвандҳои дастрасӣ

Дабири кулли СММ ҳамлаҳои Ҳалабро маҳкум кард


Маҳалли таркиш дар Ҳалаб

Маҳалли таркиш дар Ҳалаб

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ҳамлаҳои маргталабонаи рӯзи ҷумъа дар шаҳри Ҳалаби Сурияро, ки 28 кушта ва то 235 захмӣ ба ҷо гузошт, маҳкум ва ба пайдони қурбониёни ин бомбгузориҳо изҳори ҳамдардӣ кард. Бан Кӣ Мун ҳамчунин хостори “ҳалли сиёсии фарогир ва сулҳомез”-и буҳрони Сурия шуд, ки 11 моҳ боз аз гиребони ин кишвари арабӣ гирифтааст.
Ҳамлаҳои Ҳалаб дар ҳолест, ки амалиёти нирӯҳои давлатии Сурия дар шаҳри оӯшбзадаи Ҳумс идома дорад. Ба гуфтаи фаъолон, тайи як ҳафта дар Ҳумс садҳо тан кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG