Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод дар бораи тарҳҳои нави ҳастаии Эрон


Маҳмуди Аҳмадинажод

Маҳмуди Аҳмадинажод

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, Теҳрон то чанд рӯзи дигар тарҳҳои муҳими ҳастаияшро муаррифӣ хоҳад кард. Аҳмадинажод гуфт, “дар рӯзҳои наздик мо шоҳиди ифтитоҳ ва баҳрабардорӣ аз барномаҳои ҷадиди ҳастаӣ дар Эрон хоҳем шуд.”
Маҳмуди Аҳмадинажод, ки дар як раҳпаймоӣ ба муносибати солгарди 33-юми инқилоби исломии Эрон сӯҳбат мекард, аз ҷузъиёти тарҳҳои ҷадиде, ки эълом хоҳанд шуд, чизе нагуфт. Аммо изҳороти ӯ ҳатман боиси афзоиши таниши Эрон бо кишварҳое хоҳад шуд, ки Ҷумҳурии исломиро ба таъқиби барномаи таслиҳоти ҳастаӣ айбдор мекунанд.
Дар расми таҷлил аз солгарди инқилоби исломӣ дар майдони Озодии Теҳрон як нусхаи ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро ҳам ба намоиш гузошта буданд. Эрон ин ҳавопайморо моҳи декабр дар наздикии марзаш бо Афғонистон суқут дода буд.
XS
SM
MD
LG