Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 феврал - солгарди баҳманмоҳи хунин


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Рӯзи 12 феврал ба ошӯбҳои хунини моҳи феврали соли 1990 дар пойтахти Тоҷикистон 22 сол пур мешавад. Ҳазорон нафар дар он рӯзҳо, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, бо талаби адолати бештари иҷтимоӣ ва истеъфои раҳбарони вақти Тоҷикистон ба хиёбони марказии Душанбе рехтанд. Давлат бо зӯр эътирозҳоро пароканда кард ва дар он ҳаводис дастикам 25 нафар кушта шуд. Таърихшиносон ошӯби моҳи феврали соли 1990-ро оғози ҳаракати Тоҷикистон дар масире медонанд, ки ин кишварро соли 1992 ба домани ҷанги шаҳрвандӣ кашонд.
XS
SM
MD
LG