Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи наҷоти Юнон ба парлумон ироа шуд


Эътирозҳои ба хушунат печида дар Афина

Эътирозҳои ба хушунат печида дар Афина

Давлати Юнон бо умеди даст ёфтан ба кумаки 130-миллиардевроии ИА барномаи нави коҳиши масрафотро ба парлумон ироа кард. Дар ғайри сурати чунин кумак Афина наметавонад рӯзи 20 моҳи март тақрибан 14,5 миллиард евро қарзҳои қаблан гирифтаашро баргардонад. Кобинаи вазирон ин тарҳро шоми ҷумъа дар як ҷаласаи изтирорӣ тасвиб кард, вале қабл аз он ки ба иҷро бидарояд, бояд рӯзи якшанбе дар маърази раъйгирии парлумон қарор бигирад. Иқдоми Афина ба коҳиши бештари масрафот ва ихтисори 15 000 ҷои кор мунҷар ба эътирозҳои густарда дар Юнон шудааст. Аммо ИА хоста, ки Юнон ба коҳиши боз 325 миллион еврои дигар иқдом кунад.
XS
SM
MD
LG