Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар тӯй овозхонӣ карду муҷозот шуд...


Овозхон Айниддин Ҳакимов, ки ба пардохти ҷарима муваззаф шудааст...

Овозхон Айниддин Ҳакимов, ки ба пардохти ҷарима муваззаф шудааст...

Айниддин Ҳакимов, овозхони тоҷик, ба пардохти ҷаримаи баробар ба маоши ҳафтмоҳаи ӯ маҳкум шудааст.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ин сарояндаи таронаҳои халқиро барои он ба муҷозоти маъмурӣ кашидааст, ки ӯ дар тӯйи арӯсие овозхонӣ карда, аз маблағи ҳаққи хизматаш ба давлат андоз насупурдааст.

Дурандеш Иброҳимов, додраси додгоҳи Қӯрғонтеппа, гуфт, пас аз он ки қонуни "Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" ба иҷро даромад, овозхонҳо низ бояд барои иштирок дар тӯю маъракаҳо андоз супоранд.

Аммо, ба гуфтаи додрас, Айниддин Ҳакимов ба хотири сарпечӣ аз супурдани молиёт, бо соҳибтӯй шартнома набастааст: "Ҳакимов ба гуноҳи худ иқрор аст ва бо назардошти вазъи начандон хуби иҷтимоияш суд нисбати ӯ ҳамчун ҷазо пардохти 1 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима таъйин кард."

Додрас Дурандеш Иброҳимов

Додрас Дурандеш Иброҳимов

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Ҳакимов, маоши моҳонаи ӯ ба ҳайси устоди мусиқӣ дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ баробар ба 240 сомонӣ, муодили кариб 50 доллари амрикоӣ будааст. "Рости гап, бо 5 фарзандам рӯзгорро базӯр пеш мебарам. Зиндагии вазнин маҷбур кард, ки аз кор дар шӯъбаи фарҳанги Қӯрғонтеппа, ки маошаш 150 сомонӣ буд, даст кашам. Барои ҳамин, кам-кам ба тӯйҳо ҳам меравам. Аз ин пеш бо ҳама мизоҷон шартнома доштам. Аммо дар тӯйи охир, ки рафиқам буд, ройгон рафта хизмат расонидам",-афзуд ӯ.

Додгоҳ дар баробари Айниддин ҳамчунин арӯсу домодро барои он ки аз хизмати ин овозхон бидуни бастани шартномаи расмӣ истифода кардаанд, ба пардохти ҷаримаи баробар ба 366 доллари амрикоӣ маҳкум намудааст.
Гуфта мешавад, ин якумин парвандаи маъмурӣ дар вилояти Хатлон аст, ки ҳунармандеро барои сарояндагӣ дар тӯйи арӯсӣ ба ҷарима мебанданд.

Мақомоти додситонии Хатлон мегӯянд, имкон дорад, дар асл мавридҳои сарпечии овозхонон аз пардохти молиёти даромадашон аз тӯю маъракаҳо бамаротиб бештар бошад. "Аз ин рӯ, дар соли 2012-ум тафтишу санҷиши тӯю маъракаҳо ва фаъолияти овозхонҳо низ дар ин робита бештар хоҳад шуд",-мегӯянд дар додситонӣ.

Дар маҷмӯъ, дар як соли охир 128 мавриди нақзи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар қаламрави шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сабтином шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG