Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корпартоии 48-соатаи сартосарӣ дар Юнон


Юнониҳо, кормандони бахшҳои умумӣ ва хусусӣ бо эътироз аз чораҳои нави сарфаҷӯии пул, ки ҳукумат ба хотири дарёфти кӯмакҳои молӣ мавриди баҳс қарор додааст, коршикании 48-соатӣ эълон карданд. Дар натиҷаи он нақлиёти ҷамъиятӣ, мактабҳо, додгоҳҳо, осорхонаҳо ва идораҳои давлатӣ баста мешаванд. Иттиҳодияҳои касбии Юнон ба коҳиши 22-дарсадии моҳонаи кормандони буҷавӣ, ихтисори ҷойҳои кор, хусусигардонӣ ва андозҳои нав мухолифанд. Вазирони Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, ин барномаҳо низ барои дарёфти қарзи 130 миллиард доллар барои Юнон кофӣ нест.
XS
SM
MD
LG