Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркишҳои Ҳалаби Сурия 28 нафар кушта шудаанд


Телевизиони давлатии Сурия ба нақл аз манобеи тиббӣ мегӯяд, дар ду таркиш дар шаҳри шимолии Ҳалаб ба камияш 25 нафар кушта ва 200 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, пойгоҳ ва биноҳои ҳарбӣ ва амнияти ин шаҳр ҳадафи б омбгузорӣ қарор ёфтаанд. Мухолифон дар ин байн гуфтаанд, дар шаҳр се инфиҷор ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳалаб аз оғози тазоҳуроти зидди раисиҷумҳур Башор Асад дар моҳи март то ҳоло ҷои нисбатан амн ва ороми Сурия ба шумор мерафт. Дар манотиқи дигари ин кишвар дар ин муддат наздик ба 6000 нафар ва асосан мардуми осоишта кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG