Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Брейк-данс", ин навъи варзиш, ки бархе онро санъат ҳам мешуморанд дар Тоҷикистон таърихи кӯҳан надорад.

Танҳо дар аввали соли 2000-ум дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон ҷавононеро мушоҳида кардан мумкин буд, ки давра ташкил карда, таҳти мусиқии баланд бо навбат дар майдонча ҳаракатҳои акробатии ба рақс монандро иҷро мекарданд.

Меҳроҷ Қосимов, як ҷавони тоҷик, ки касбаш иқтисодчӣ аст, мегӯяд, ки танҳо пас аз тамошои видеоклипҳои хориҷӣ ба "брейк-данс" майл пайдо намудааст. "Ман аввал клипҳоро медидаму дар хона ба рақси онҳо тақлид мекардам. Баъдан дар Душанбе бо нафароне шинос шудам, ки "брейк-данс" машқ мекунанд. Он вақт ҳамроҳи онҳо дар гуруҳи "Азия" рақс мекардам, ҳоло бошад, дар гурӯҳи Crazy Guys ҳастам, ки порсол қаҳрамони ҷумҳурӣ оид ба "брейк-данс" шуд",-гуфт ӯ.

Фаридун Давлатмаҳмадов

Фаридун Давлатмаҳмадов

Фаридун Давлатмаҳмадов, ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд, ки шуғли писандидаи ӯ ҳам "брейк-данс" аст. Ӯ афзуд, дар чанд соли гузашта дар Душанбе ва дар дигар минтақаҳои кишвар ҷавонони зиёде ба "брейк-данс" машғул буданд, вале он ба таври расмӣ эътироф нагардида буд ва аксарият онро ба унвони як фарҳанги кӯчагӣ мешинохтанд.

Пас аз он Фаридун ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон муроҷиат карда, хостори ба таври расмӣ эътироф шудани ин навъи варзиш дар кишвар шудааст.

Нисо, яке дигар аз мусоҳибони мо мегӯяд, дар Тоҷикистон курсҳои омӯзиши "брейк-данс" низ фаъол аст, ки нархи он дар як моҳ барои кӯдакон 100 сомонӣ ва барои дигарон 150 сомонӣ муқаррар шудааст. Худи ӯ рақсро аз хоҳараш омӯхта ва тасмим гирифтаанд, ки якҷоя дар пойтахт толори рақс боз намоянд. "Ҳоло миқдори хоҳишмандон он қадар зиёд нест. Ба бештар аз 30 нафар мо "брейк-данс"-ро меомӯзонем. Вале, фикр мекунам, дар оянда хоҳишмандон зиёд мешаванд",-изҳори умедворӣ кард Нисо.

Нисо

Нисо

Тобистони соли гузашта дар Тоҷикистон нахустин чемпионат оид ба "брейк-данс" баргузор шуд, ки дар он панҷ даста "Desperados", "Crazy guys", "Orion", "City power" ва "Urban" аз се шаҳри ҷумҳурӣ -- Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд иштирок кардаанд. Ба гуфтаи Наргис Набиева, як масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ҳоло дар кишвар бештар аз 300 нафар ҷавон ба "брейк-данс" машғуланд.

"Брейк-данс" ҳамроҳи рэп, графитти, ва диҷейинг ҷузъе аз фарҳанги "хип-хоп" мебошад. "Брейк-данс" аз солҳои 70-уми қарни гузашта дар кӯчаҳои Ню Йорки Амрико миёни фарзандони қишри камбизоати аҳолӣ пайдо шудааст, ки имконии дар толорҳои варзишӣ тамрин карданро надоштанд. Вале ин навъи рақс ё варзиш бо гузашти замон маъруфият пайдо карда аз шуғли кӯчагии як қишри ҷомеа ба шуғли писандидаи "бачаҳои шаҳрӣ" тадил ёфт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG