Пайвандҳои дастрасӣ

Солгарди "баҳманмоҳи хунин"-и 1990 дар меҳвари матолиби аксар нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта қарор гирифтааст.

"ОЗОДАГОН"

Дар матлаби "Хуни шаҳидон аз дари қасри ҳукумат шуста шуд?", навиштааст, "бо он ки аз вуқӯи фоҷиаи баҳманмоҳ 22 сол мегузарад, ҳанӯз ҳам касе натавонистааст, ба саволи аслӣ посух гӯяд: Чаро чунин шуд? Чаро одамони бегуноҳ қурбон шуданд? Чаро омилони аслии ин фоҷиаи миллаткуш то ҳанӯз дар паси пардаанд?" Нашрия пешниҳод дорад, ки "месазад аз ин сана ёдоварӣ карда шавад, зеро ин сана нуқтаест, ки пас аз он дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фигураҳои нав, ғаразҳои нав, бозиҳои дигар пайдо шуданд."

"ТОҶИКИСТОН"

Дар навиштааст, ки "касе гунаҳгор намеҷӯяд, вале ҳақиқати таърихро бояд донист!" Ба навиштаи нашрия, "Баҳманмоҳ як саҳифа, як дарси таърих буд. Он метавонад ибратомӯз бошад, агар инсон аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бардошта тавонад." "Сарфи назар кардани "баҳманмоҳи хунин" бар манфиати насли имрӯз нест",-таъкид кардааст "Тоҷикистон".

"СССР"

Ин нашрия навишт, ки "албатта таърихро мешавад дурӯғ қаламдод кард, аммо фаромӯш набояд кард, ки баҳманмоҳ барои мо аҳамияти вижа дорад." Ба навиштаи нашрия "дар миқёси собиқ СССР, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои ангуштшумор буд, ки ҳукумати коммунистиаш ҳанӯз соли 1990 ба пуррагӣ нерӯи сиёсиро аз даст дод ва сарварони аввали ҳизбияш ба истеъфо рафт." Нашрия менависад, "ин миллат тавонист, ки бо 1 иқдоми кӯчак низоми қудратмандро такон диҳад."

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Дар мавриди "баҳманмоҳи хунин" мусоҳибаеро бо Солеҳҷон Ҷӯраев анҷом додааст, ки раҳбари вақти гурӯҳи таҳқиқии Додситонии кулли Тоҷикистон буд. Ҷаноби Ҷӯраев гуфтааст, "дар воқеъ, бетартибиҳои феврали соли 1990 тавассути нерӯҳо ва хадамоти махсуси хориҷӣ ташкил шуда буд. Онҳо сарусадо атрофи "масоили арманиҳо"-ро хуб истифода карда ва афроди норизо, қисмате аз рӯҳониён ва баъзе ҷинояткоронро ба майдон оварданд." Аз сӯи дигар, Солеҳҷон Ҷӯраев мӯътақид аст, ки "маҳз КГБ барои алангаи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон мусоидат кардааст. Силоҳе, ки ҳам 12-уми феврали соли 1990 ва ҳам феврали соли 1992 аз он тир кушода шудааст, ба нерӯҳои махсуси КГБ-и Тоҷикистон дахл дошт."

"МИЛЛАТ"

Сукут дар баробари ҳодисаи февралиро ба маънии "аломати ризо" хонда ва навиштааст, ки "Роза Отунбоева, президенти собиқи Қирғизистон дар як муддати кӯтоҳ бо истифода аз матбуоти даврии кишвараш исбот кард, ки нооромиҳои кишвараш дасти бегонагон буд. Аммо мо, ки аз баҳманмоҳи 90 ҳадди ақал ду даҳсола фосила гирифтем, чаро натавонистем, лоақал номи шаҳидони гулгункафанро зинда дорем. Санги хотираи онҳоро кандему ба гӯшае ҳаво додем."

"НИГОҲ"

Дар шумораи тозаи худ пойгоҳи 201-уми Русияро "хатари 49-сола" арзёбӣ кардааст. Нашрия менависад, "шартҳои Русия барои тамдиди 49-солаи ҳузури пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон аз ҳоло ғайри қобили қабул ҳастанд. Ҳадди ақал, касе аз ҳукуматдорон бояд ин шартро аз рӯи нанг напазирад." Ба навиштаи нашрия "ним аср сари Тоҷикистон хатаре муаллақ хоҳад буд, ки оқибат ба сари миллат хоҳад уфтод."

"ИМРӮЗ НЮС"

Дар матлаби "Пойгоҳи 201: Тоҷикистон Русияро интизор мекунад...", навиштааст, "Русия ҳузури дарозмӯҳлати пойгоҳаш дар Тоҷикистонро баромада аз манфиатҳои миллиаш медонад. Андеша аз он ҳам мекунад, ки агар барои ҳузури низомиёнаш ба Тоҷикистон маблағе пардохт кунад, дигар кишварҳои собиқ Шӯравие, ки дар он ҷо Русия пойгоҳ дорад, аз Маскав иҷорапулӣ талаб мекунад."

"НАҶОТ"

Дар ин бора бо такя ба қавли соҳибназарон менависад, "бо дарназардошти таваҷҷӯҳи афзояндаи Амрико ба Осиёи Марказӣ, ҳоло Тоҷикистон барои тасмимгирӣ дар мавриди тамдиди замони ҳузури низомиёни рус дар ин кишвар мавзеи мушаххасе нагирифтааст." Вале нашрия менависад, "эҳтимол мавзӯи интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2013 боло бигирад ва бо дарназардошти ин рӯйдод раҳбарияти кишвар дар мавриди тамдиди ҳузури низомии рус тасмим бигирад."

"ФАРАЖ"

Дар пасманзари изҳороти Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерал- демократи Русия ва публисист Егор Холмогоров дар бораи қатли оми русҳо дар оғози солҳои 1990 дар Тоҷикистон суоли "Оё дар Тоҷикистон қатли оми русҳо вуҷуд дошт?"-ро матраҳ кардааст. Таҳлилгар Сипаршоҳи Фаромарз дар посух гуфтааст, "на, ин иддаоҳо асос надоранд."

"ТОҶИКОНИ РУСИЯ"

Дар матлаби "6 ҳазору 200 мактуб ба президент дар як сол. Кӣ посух мегӯяд?" расидагӣ ба номаҳои мардум ба Эмомалӣ Раҳмонро ба баррасӣ гирфтааст. Ба навиштаи нашрия "имрӯз аксар мардуми ҷабрдида тариқи Интернет ё ба воситаи нашрияҳои мустақил гаштаву баргашта ба суроғаи президенти Тоҷикистон ба хотири ҳалли мушкилоти худ мактуб менависанд, аммо дар ёд надорем, ки шаҳрванде тариқи матбуот аз ҳал шудани мушкилаш ба шахсияти аввали ҳукумат сипоснома фиристода бошад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG