Пайвандҳои дастрасӣ

Корбарони интернети умумӣ дар Қазоқистон танҳо бо шиноснома вориди кафе шуда, зери “нигоҳ”-и дурбини видео кор мекунанд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ин як чораи амниятист, зеро борҳо шудааст, ки аъзои созмону гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ аз марказҳои умумии Интернет барои корҳои сиёҳи худ истифода кардаанд ва шароити феълӣ ба пайгарду боздошти онҳо имкон намедиҳад.

Корманди Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияҳои Қазоқистон Гарифулло Алменбетов мегӯяд, ҳадаф ин аст, ки чунин афрод ошкор карда шаванд ва ин дархости Кумитаи давлатии амнияти миллист.

Аммо Талъат Акуов, раиси Анҷумани мустақили соҳибкорони Қазоқистон бар ин аст, ки қоидаҳои нав ҳуқуқи шаҳрвандон ба маълумотро маҳдуд мекунад. Аз сӯи дигар, дар қоидаҳои нав чизе гуфта намешавад, ки Вайфай ё шабакаи бесими интернетиро чӣ гуна мешавад, зери назорат гирифт.

Вай меафзояд, "дар ҳар ресторан, дар ҳар кафе видео шинонда намешавад ва кӣ бояд маълумоти онҳоро ҷамъ кунад. Ин як аҳмақии комил аст.”

Ба ақидаи коршиносон, татбиқи қоидаҳои нави истифода аз интернет метавонад, шумораи интернет-кафеҳоро дар Қазоқистон то 20 дарсад коҳиш диҳад, зеро 70 дарсади онҳое, ки ба ин марказҳо меоянд, наврасоне ҳастанд, ки ҳанӯз шиноснома надоранд.

Раиси ширкати «Студия «Аналитический ресурс» дар Алматӣ Павел Груднитсикй гуфтааст, ин чораҳо ба мубориза бо тундравӣ ва терроризм кӯмаке нахоҳанд кард, балки баръакс талошҳои раисиҷумҳури Қазоқистонро ба густариши интернет ва ҳимоят аз бизнеси хурду миёна дар кишвараш зарба хоҳад зад.

Таҳлилгарони дигар бар инанд, ки қоидаҳои нав вокуниш ба рӯйдодҳои хунини Жанаозенанд ва ҳадаф аз онҳо таҳкими назорати давлат ба андешаи мардум аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG