Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ду инфиҷор дар Ҳалаби Сурия чандин нафар, аз ҷумла маъмурони амниятӣ куштаву захмӣ шудаанд.

Телевизиони давлатии Сурия ба нақл аз манобеи тиббӣ мегӯяд, дар ду таркиш дар шаҳри шимолии Ҳалаб ба камияш 25 нафар кушта ва 175 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, пойгоҳ ва биноҳои ҳарбӣ ва амнияти ин шаҳр ҳадафи бомбгузорӣ қарор ёфтаанд. Мухолифон мегӯянд, бо ду таркиш пойгоҳҳои нерӯҳои давлатро ҳадаф гирифтаанд. Ҳалаб аз оғози тазоҳуроти зидди раисиҷумҳур Башор Асад дар моҳи март то ҳоло ҷои нисбатан амн ва ором дар шимоли Сурия ба шумор мерафт.

Дар ин муддат дар манотиқи дигари ин кишвар наздик ба 6 ҳазор нафар ва асосан мардуми осоишта кушта шудаанд.

Ахиран Кохи Сафед гуфт, Иёлоти Муттаҳида дар пайи баргузории нишасте бо шарикони худ дар ояндаи наздик барои мутаваққиф сохтани хушунатҳо дар Сурия мебошад. Сухангӯи Кохи Сафед гуфтааст, "ин нишасти дӯстони Сурия хоҳад буд ва ба эҳтимоли зиёд тасмимҳое гирифта мешаванд, ки ироаи кӯмакҳои башарӣ ба мардуми Сурия низ шомили он мебошад."

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, ки рӯзи сешанбе бо Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия дидору мулоқот кард, гуфт, президент Асад ба муколама бо мухолифин омодааст.

Ба қавли Лавров, натиҷаи чунин музокирот набояд аз тарафи ҷомеаи байнулмилалӣ пешқазоват шавад. “Ҳар натиҷаи музокироти миллӣ бояд дар чорчӯби ризояти тарафҳои музокироти байнисуриягиҳо буда, аз сӯи мардуми ин кишвар қабул шавад”,-илова кард ӯ.

Дар навори зер: Идомаи хушунатҳо дар Сурия

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG