Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи нави узбакистонии гумонбар дар таҳдиди қатли Обама


Улуғбек Қодиров, шаҳрванди Узбакистон ва муҳоҷири ғайриқонунӣ дар ИМА.
Улуғбек Қодиров, шаҳрванди Узбакистон ва муҳоҷири ғайриқонунӣ дар ИМА.
Шаҳрванди Узбакистон, ки ба таҳдиди қатли раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама муттаҳам мешавад, ҳамчунин ба таъмини ҳимояти моддӣ аз терроризм айбдор шуд. Додситонҳои федероли штат ё аёлати Алабама гуфтанд, Улуғбек Қодиров силоҳҳо ва маводи тарканда харидааст, то дар қатли президенти Амрико истифода кунад. Вакили дифои Қодиров, Ланс Белл гуфт, муштарии ӯ, қарор аст, дар додгоҳ ба гуноҳи худ иқрор кунад. Қодиров моҳи июли соли гузашта ҳангоми харидани силоҳ аз агенти махфӣ боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG