Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромиҳо ба Ҳалаби Сурия низ "сироят" кард


Телевизиони давлатии Сурия қурбониёни таркишҳоио Ҳалабро нишон дод.
Телевизиони давлатии Сурия қурбониёни таркишҳоио Ҳалабро нишон дод.
Шаҳри Ҳалаби Сурия аз чанд таркиш такон хӯрда, бино бар иттилои расонаҳои давлатии сурёнӣ дар ду инфиҷор чандин нафар, аз ҷумла маъмурони амниятӣ кушта ва захмӣ шудаанд. Мухолифон мегӯянд, бо ду таркиш пойгоҳҳои нерӯҳои давлатро ҳадаф гирифтаанд. Ҳалаб аз оғози тазоҳуроти зидди раисиҷумҳур Башор Асад дар моҳи март то ҳоло ҷои нисбатан амн ва ором дар шимоли Сурия ба шумор мерафт. Дар манотиқи дигари ин кишвар дар ин муддат наздик ба 6000 нафар ва асосан мардуми осоишта кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG