Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Испания судяи саршиносро маҳкум кард


Балтазар Гарзон
Балтазар Гарзон
Додгоҳи Олии Испания судя ё додвари саршиноси ин кишварро ба зиёдаравӣ дар таҳқиқи парвандаи фасод айбдор донист ва барои 11 моҳ аз пешаи додварӣ маҳрум кард. Балтазар Гарзон ба сабти ғайриқонунии сӯҳбатҳои вакили дифоъ муҷрим гунаҳкор шуд. Вай гуфтааст, бо роҳҳои қонунӣ зидди ин ҳукм мубориза хоҳад кард. Тарафдоронаш мегӯянд, Гарзон баъд аз оғози таҳқиқи гумшавии одамон дар ҷанги шаҳрвандии соли 1936-и Испания зери фишор қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG