Пайвандҳои дастрасӣ

Донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, мӯътақиданд, нерӯгоҳи Роғун билохира сохта хоҳад шуд, агар азми давлат барои сохтанаш қотеъ ва самимона бошад.

Як ҳақиқате, ки ҳамаи ҳамсӯҳбатони мо низ тардиде дар он надоранд, ин аст, ки Тоҷикистон илоҷе ба ҷуз аз сохтани Роғун надорад ва ин нерӯгоҳ бояд сохта шавад.

Ба ақидаи онҳо, нерӯгоҳи Роғун нафақат ба хотири рафъи буҳрони шадиди энержӣ лозим аст, ки ҳар зимистон аз гулӯи ин кишвар мегирад, балки бидуни сохтани нерӯгоҳҳои нав тамоми умедҳо ба рушди бештари иқтисоди миллӣ нақше бар об хоҳад шуд.

Абӯбакри Саидуллоҳ, донишҷӯи Донишгоҳи иқтисодиву фаннии Дрезден дар Олмон мегӯяд, “тавре давлатҳои араб аз ҳисоби нефт сарват ёфтанд, бишавад, ки Тоҷикистон ҳам Роғунро сохта, дар қадами аввал халқи ташнаи гармиву равшаниашро бо нерӯи барқ таъмин карда, зиёдатиашро ба кишварҳои низ рӯбарӯ ба камбуди энержӣ, назири Афғонистону Покистон, бифурӯшад.”

Муҳаммади Кабирӣ, муҳассили донишгоҳи Бруклин дар Ню Йорки Амрико мегӯяд, ормони миллӣ эълон шудани тарҳи Роғун ва оғози маъракаи саҳмияфурӯшиаш толибилмони тоҷикро дар хориҷ хеле умедвори як фардои рӯшан дар Тоҷикистон кард. Вале, инак, қариб ду сол боз дар ҷайби бонкҳо “хобидан”-и зери 900 миллион сомоние, ки мардум дар як муддати кӯтоҳ ба хазинаи Роғун супурданд, ин умедро табдил ба навмедӣ кард.

Муҳаммади Кабирӣ меафзояд, “аслан баҳси Роғун бармегардад ба соли 2000-ум. Чун баъд аз сулҳ шароит ва сармояе фароҳам буд, ки нерӯгоҳ сохта шавад. Вале ба ин далел ки дар мавқеияти ҷуғрофии мухолифин қарор дорад, аз сохтани Роғун даст кашиданд. Яъне шахсиятҳои ҳукумати мо ормонҳои миллӣ, ё пружаҳои миллиро аз пружаҳои маҳаллӣ наметавонанд фарқ бикунанд.”

Азамат Султонов

Азамат Султонов

Азамат Султонов, хатмкардаи МГИМО - Донишгоҳи равобити байнулмилалии Маскав ва мудири кулли ширкати “Russian Media Solutions” дар Бритониё мегӯяд, бо ҳар вуҷуд, тамоми тоҷикон дар хориҷ бо ҳарорат аз тарҳи Роғун пуштибонӣ мекунанд, бахусус дар баҳс бо ҳамсабақони худ аз кишварҳои ҳамсояе, ки мухолифи ин тарҳанд. Аммо ӯ гуфт, “ин яке аз тарҳҳои барҷастаи давлати Тоҷикистон аст, ки имкони раҳоияш аз муҳосираро фароҳам хоҳад сохт. Аммо тарҳи Роғун ба як қасри ҳубобӣ монанд шудааст. Ба ҷомеа, аз ҷумла тавассути шиору овезаҳои фаровон дар саросари кишвар чунин талқин мекунанд, ки ормони миллии мо ҳамин аст ва агар Роғун сохта шавад, гӯиё ҳама чиз хуб хоҳад шуд. Ин, ба назари ман, чандон воқеӣ нест. Кишваре, ки ҳатто меху арматура тавлид намекунад ва ин ҳамаро аз берун меорад, наметавонад ба осонӣ Роғунро бисозад.”

Азамат Султонов, ки барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар хориҷ бунёди вижаи “Тоҷикинвест”-ро низ ташкил кардааст, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир намешавад ба нерӯи толибилмони тоҷике, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, умеди зиёд баст. Аз як сӯ, маоши кам дар Тоҷикистон омилест, ки аксари ин тоифаро пас аз хатми таҳсил аз бозгашт ба ватан нигоҳ медорад ва аз сӯи дигар, ба ақидаи ҷаноби Султонов, зарфияти чандсад донишҷӯи тоҷик низ ҳанӯз чандон нест, ки камбуди мутахассисон дар тарҳҳои муҳиме, чун Роғунро пур кунад.

Аммо Тоҷикистон бояд чӣ кунад, ки Роғунаш сохта шавад? Ба назари бархе ҳамсӯҳбатони мо, Душанберо беҳтар буд, агар бо Тошканд як забони муомила меёфт ва, барои мисол, бо каме поин бурдани баландии сарбанди Роғун, ки Узбакистон мехоҳад, ин кишвари ҳамсояро баръакс ба сохтани ин нерӯгоҳи муҳим моил мекард. Ба ақидаи Азамат Султонов, дараҷаи таъсири мухолифати Узбакистон ба тарҳи Роғун на ба андозаест, ки тасвир ё тасаввур мешавад: “Дар Тоҷикистон мешунавем, ки мегӯянд, маҳз Узбакистон моро намегузорад, ки Роғунро бисозем. Албатта, ҳамеша метавон як душмани берунаро тарошид ва иллати нокомиҳои худро ба он бор кард. Аммо решаи ҳамаи нокомиҳои мо фақат Узбакистон нест.”

Муҳаммади Кабирӣ мегӯяд, тамоми сармояи лозим барои сохтмони Роғунро ҳатто ба сурати иҷбор ҳам наметавон аз ҷайби мардум дар овард ва Душанберо беҳтар аст, то рӯи фурӯши чанд корхонаи бузургаш барои касби чунин сармоя фикр кунад.



Муҳаммади Кабирӣ: “Аз ин ки мо ба сӯи кишварҳои хориҷӣ дасти гадоӣ дароз мекунем, беҳтар аст ки баъзе бонкҳову корхонаҳоро бифурӯшем ва ба ивазаш тарҳҳое, чун Роғун, сохта шаванд. Заминаи рушди ҳар кишвар таъмини амнияти энержист. Вақте барқ шуд, мардум худаш сармоя дорад ва ҳар кас шурӯъ мекунад ба сохтани ягон корхонаи хурд, ки шояд чанд маротибе бештар аз корхонаи алюминӣ ё бонк фоида биорад ва мардумро ҳам бо ҷои кор таъмин карда, аз миннати Русия халос кунад.”

Мусоҳиби мо як муддат бас кардани ҷашнҳои пурҳазинае, чун иди Истиқлолу иди Ваҳдат ва амсоли ин ва ба хазинаи Роғун ирсол кардани садҳо миллионеро, ки ҳар сол барои рақсу бозиву тантанаҳои идона дар Тоҷикистон сарф мекунанд, як роҳи дигари ҷамъоварии сармоя барои тарҳҳое, чун Роғун медонад. Вале ба ақидаи Муҳаммади Кабирӣ, муҳимтарин масъала эътимодсозист, ки бо таъмини шаффофияти комил дар амри истифодаи маблағҳои аз мардум ҷамъоварда ва зери назорати мустақими намояндагони аҳзоб ва ақшори мухталиф гузоштани ин раванд ба даст меояд, на тавассути Шӯрое, ки ба бовари бисёриҳо, аз хатти барояшон кашидаи мақомот берун пой намегузоранд, чӣ расад ба пурсидани ин суоли халқшуда дар зеҳни аксари саҳмиядорони Роғун, ки пули онҳо куҷо рафт?

Ин суолро аз Мираҳмади Амиршоҳ, адиби тоҷик ва раҳбари маркази кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар Роғун пурсидем. Мираҳмади Амиршоҳ, ки дар 700 саҳифа китоберо бо номи “Роҳи нур: Парокандаафсонаи Роғун” барои нашр омода кардааст, сӯҳбаташ бо Радиои Озодиро бо ин шӯхӣ оғоз кард ки: “Ман дар ҳамин Роғунам. То насозандаш, намебароям аз даруни Роғун.”

Мираҳмади Амиршоҳ мӯътақид аст, ки дар сурати сохта шудани Роғун ҳар сол ба буҷаи Тоҷикистон 15 миллиард доллар фоида ворид хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG