Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон сохтмони ниругоҳи "Шӯроб" пешбинӣ шудааст


Бино ба хабари “Авеста”, дар вазортаи энержӣ ва саноати Тоҷикистон тарҳи сохтмони ниругоҳи барқи обии “Шӯроб” муаррифӣ шудааст. Тарҳи мазкурро пажуҳишгоҳи тарроҳии “Нурофар” пешниҳод кардааст. “Нурофар” гуфтааст, ки дар бораи тарҳи мазкур дар солҳои 1970-и қарни гузашта ҳангоми таҳияи тарҳи ниругоҳи Роғун сӯҳбатҳо дар миён буд. “Шӯроб” тибқи нақша 862,5 МВт дар як соат ниру тавлид мекунад. Сохтмони ин ниругоҳ як миллиард доллар пешбинӣ шудааст ва бунёди он то соли 2015 ба нақша ворид мешавад.
XS
SM
MD
LG