Агшин Меҳдиев-намояндаи Озарбойҷон дар СММ рӯзи панҷшанбе аз САҲА дархост кард, ки барои ҳали масъалаи Қарабоғи кӯҳистонӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Вай дар ин бора бо Имон Гилмор-муовини нахуствазири Ирландия, ки ҳамраиси ин созмон низ ҳаст сӯҳбат кардааст. Гилмор қаблан дар сӯҳбатҳои худ гуфта буд, ки дар солҳои оянда пешрафт дар ҳали баҳсҳои қаламрав миёни Арманистону Озарбойҷон аз масъалаҳои калидӣ дар фаъолияти созмон хоҳад буд.