Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон Шӯрои иҷтимоии муҳоҷират ташкил мешавад


Дар Тоҷикистон Шӯрои иҷтимоии муҳоҷират ташкил мешавад. Дар ин бора Сафиаллоҳ Девонаев-раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон фармонеро имзо кардааст. Ин хадамот изҳори умедворӣ кардааст, ки шӯрои мазкур дар ҳали мушкилоти масъалаҳои муҳоҷират кӯмак хоҳад кард. Бино ба иттилои хадамоти мазкур, ин шӯро ниҳоди машваратӣ ва ҳамоҳангкунандаи фаъолияти муассисаҳои давлатӣ роҷеъ ба масъалаҳои муҳоҷират хоҳад буд. Ба узвияти шӯро кормандони давлатӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, ғайридавлатӣ ва донишмандону коршиносон дохил мешаванд.
XS
SM
MD
LG