Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳо ба Ҳумси Сурия шумораи кушташудагон афзуд


Мухолифони Сурия мегӯянд, рӯзи панҷшанбе дар ҳамлаи нируҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Ҳумс даҳҳо нафар кушта шудаанд. Созмони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, нируҳои ҳукуматӣ субҳи панҷшанбе тирандозӣ ба сӯи ин шаҳрро оғоз карданд шаҳре, ки тақрибан 1 миллион нафар аҳолӣ дорад ва бад-ин тариқ ба ҷангҳои панҷрӯзаи худ идома доданд. Аз 11 моҳ ба ин сӯ аз замони оғози эътирозҳо бар зидди режими Башор Асад ин шаҳр маркази муқовуматҳо ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG