Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо гуфт, нақшаҳои наҷоти молии Юнон омода нест


Жан Клод Юнке
Жан Клод Юнке
Вазирони кишварҳои Иттиҳодияи Авпупо роҷеъ ба нақшаҳои нави парҳезкоронаи молии Юнон шак доранд. Онҳо дар Бруссел мулоқот ва барномаҳои наҷоти молии байналмиллалиро баррасӣ карданд, то Юнонро аз муфлисӣ наҷот диҳанд. Жан Клод Юнке-нахуствазири Люксембург, ки барои раёсат дар музокироти вазирони 17 кишвари қаламрави евро ба Бруссел омада буд гуфт, бисёр нуктаҳои мавҷуд аст, ки бояд барои додани маблағи лозима ба Юнон рӯшан шавад. Вазири молияи Олмон гуфт, нақшаҳои Юнон дар марҳалае нест, ки кӯмакҳо иҷоза дода шаванд. Ин ду нафар таъкид карданд, ки мулоқоти рӯзи панҷшанбе натиҷа надодааст. Мулоқоти вазирони молияи кишварҳои қаламрави евро баъд аз чанд соати тавофуқоти нируҳои сиёсии Юнон баргузор шуд. Дар Юнон эълон карданд, ки ин кишвар барои наҷоти молии худ ба 130 миллиард евро ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG