Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса хуруҷи НАТО аз роҳи Узбакистонро мушкилтар медонад


Жерар Лонге (акс аз бойгонӣ)

Жерар Лонге (акс аз бойгонӣ)

Жерар Лонге-вазири дифои Фароса дар мусоҳибае бо рӯзномаи "L'Orient-Le Jour" гуфтааст, хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон тавассути Узбакистон гарон тамом мешавад. Лонге нагуфтааст, ки арзиши хуруҷ аз роҳи Узбакистон ё роҳи икмолотии шимол чӣ қадр хоҳад буд. Дар гузоришҳое, ки ахиран ба нашр расида буд, Амрико гуфта буд, ки ҳар сол барои ин роҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 500 миллион доллар пардохт мекунад. Вазири дифои Фаронса роҳи Узбакистонро муносиб намедонад, вале мегӯяд, нисбат ба Покистон беҳтар аст, зеро ин роҳ ҳоло мушкилтар шудааст. Роҳи икмолотии шимол аз латвия шурӯъ мешавад ва аз Русияву Қазоқистон ба Узбакистон мерасад. НАТО дар ин масир ҳамчунин аз фурудгоҳҳои Душанбеву Қирғизистон истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG