Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз ҷашнвораи синамои Берлин ифтитоҳ мешавад


Имрӯз дар Берлин ҷашнвораи байнулмилалии синамо, яке аз бонуфузтарин ҷашнвораҳо дар олами кино ифтитоҳ мешавад.

Фестивал бо намоиши филми таҳиягари маъруфи фаронсавӣ Бенуа Жако “Алвидоъ, маликаи ман!” шурӯъ хоҳад шуд, ки ба ҳаводиси инқилоби бузурги Фаронса бахшида шудааст.

Барои дарёфти ҷоизаи “Хирси тиллоӣ” 18 филм сабқат мекунанд.Сарварии ҳайати ҳакамон бар ӯҳдаи таҳиягари бритониёвӣ Макл Ли гузошта шудааст. Ба ҳайати ҳакамон 7 ҳунарманд ва таҳиягарони маъруф, аз ҷумла,коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ шомиланд. Филми Фарҳодӣ “Ҷудоии Нодир ва Симин” дар ҷашнвораи гузаштаи Берлин ҷоизаи аввалро соҳиб шуда буд.
XS
SM
MD
LG