Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавофуқи аҳзоби сиёсии Юнон дар мавриди сарфаи буҷа


Музокироти раҳбарони аҳзоби умдаи сиёсии Юнон

Музокироти раҳбарони аҳзоби умдаи сиёсии Юнон

Дар Юнон раҳбарони ҳизбҳои умдаи сиёсӣ дар мавриди чораҳои сарфаи буҷа ба созиш расиданд. Ин созиш имкон медиҳад, ки Афина ба қарзи нави Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилали пул даст ёбад.

Дар бораи тавофуқи аҳзоби сиёсӣ нахуствазири Юнон Лукас Пападимос дар сӯҳбати телефонӣ бо раиси Бонки марказии Аврупо Марио Драгӣ хабар дод. Чораҳои сарфаи буҷа, аз ҷумла, коҳиши маошу нафақа , аз муассисаҳои давлатӣ ихтисор шудани 15 ҳазор нафарро дар назар дорад.

Имрӯз вазирони молияи кишварҳои минтақаи евро дар Брюссел мавзӯи дар ихтиёри Юнон гузоштани қарзи 130 миллиард еврогиро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG