Пайвандҳои дастрасӣ

Мири пешини Жанаозенро ҳабс карданд


Жанаозен баъди нооромиҳо

Жанаозен баъди нооромиҳо

Раиси пешини шаҳри Жанаозени Қазоқистон Орак Сарболеев бо қарори додгоҳ барои ду моҳ боздошт шуд.

Ба иттилои Интерфакс, ӯ ахиран ба боздоштгоҳи шаҳри Оқтау интиқол ёфт. Сарболеев дар сӯиистифода аз мақом ва яғмои моликияти ду бунёди ҷамъиятӣ айбдор мешавад.

Миёнаҳои моҳи декабр бар асари бенизомиҳо дар шаҳри Жанаозен, ки паёмади коршинкании тулонии кормандони ширкати нафт буд, 16 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG