Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парвози Шумо ба таъхир гузошта шуд..."


Тайи ду рӯзи ахир парвози ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ба таъхир уфтода, мусофиронро нигарон кардааст.

Онлайн-тоблуи эълони парвозҳои фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ду рӯз боз мушкили "Тоҷик Эйр", ширкати ҳавонавардии Тоҷикистонро бармало бозгӯӣ мекунад.

Дар ин тоблу хабар дода мешавад, ки аз 35 парвози дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон 20 парвози мутаалиқ ба “Тоҷик Эйр" мавқуф мондаанд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, парвозҳои "Тоҷик Эйр" бо таъхирҳои тӯлонӣ сурат мегиранд: "Ин мушкили дохилии худи ширкат аст. Беҳтар аст, он ҷо муроҷиат кунед. Худи фурудгоҳ бо 24 ширкати дохиливу хориҷӣ ҳамкорӣ дорад ва дар қабулу гусели ҳавопаймоҳо мушкил надорад."

Муҳаммадюсуф Шодиев
Муҳаммадюсуф Шодиев
Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи тоблу, парвозҳои "Тоҷик Эйр" ба Маскав, Урумчи, Сочи, Челябинск, Хуҷанд ва Панҷакент "боз дошта шудаанд". Ба гуфтаи сокинон, фарқи миёни парвозҳо аз 5 то 12 соатро ташкил мекунад.

Раҳмиддин, яке аз мусофирон мегӯяд, бояд саҳар ба Маскав парвоз мекард, аммо то бегоҳ бояд мунтазир шавад: "Мо бояд ба Маскав парвоз кунем, аммо мегӯянд, ки тайёра нест. Дар ҳамин хунукӣ мунтазир нишастаем."

Аз рӯзи шурӯи мушкилот, яъне ду рӯз ба ин сӯ масъулини "Тоҷик Эйр" аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд. Танҳо нафаре, ки бо мо сӯҳбат кард ва худро корманди фаннӣ Акмал муаррифӣ намуд, гуфт, парвозҳои ширкат қатъ нашуда, балки ба таъхир меафтанд: "Гап дар ин ки тайёраҳоямон дер меоянд, зеро камтар мушкил пеш омадааст. Таъхир шуданаш мумкин, аммо парвоз мекунанд, бе мушкил."

Ба ин монанд мушкилро мизоҷони "Тоҷик Эйр" дар хориҷ аз кишвар ҳам доранд. Як ҳамсӯҳбати дигари мо дар "Тоҷик Эйр" гуфт, дар ҳоли ҳозир ширкат ба мушкили керосин мувоҷеҳ шудааст. Ба қавли ӯ, қимати ин мавод боло рафта, қарзҳои ширкат пеши "Ширкати нафтрасон", расонандаи асосии маводи сӯхт барои тайёраҳои "Тоҷик Эйр" афзудаанд ва ахирӣ аз пешниҳоди керосин даст кашидааст.

Қаблан, халабонҳои “Тоҷик Эйр” бо пахши як баёния эълом дошта буданд, ки ҳавопаймоҳои ин ширкат умдатан иҷоравиянд ва барои парвоз мусоид нестанд, аммо раҳбарият водор месозад, ки онҳо парвоз кунанд.

Як халабони ширкат дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо тасмим доштанд даст ба коршиканӣ зананд, аммо дар заминаи як тавофуқ бо раҳбарият аз ин нияти худ даст кашидаанд.

"Тоҷик Эйр" аз кӯҳантарин ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон аст, ки давлатист ва чанд соли ахир пайваста ба мушкил дучор мешавад. Пеш аз ин, ширкат эълом дошта буд, ки дар қиёс бо дигар ширкатҳо, аз қабили ширкати хусусии "Сомон Эйр", бори иҷтимоии Тоҷикистонро ба танҳоӣ мекашад, яъне аксари парвозҳои дохилиро бо дастури ҳукумат бар зиёни худ анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG