Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи тоҷикон бояд чӣ гуна бошад?


Эмомалӣ Раҳмон аз муаллифони ҷашни Наврӯз хостааст, то Тоҷикистонро ба унвони соҳиби аслии ин ҷашн намоиш диҳанд.

Барои муҳокимаи барномаҳои таҷлил аз Наврӯзи байнулмилалӣ дар ҳузури раисиҷумҳур ва нахуствазири кишвар ҳамагӣ панҷ сенария пешниҳод шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ҳамаи ин сенарияҳо омезиш дода шуда, таъкид бештар рӯи фарҳанги миллии тоҷикон бошад.

Акбари Турсон, муаллифи консепсияи таҷлил аз Наврӯз ҳам мегӯяд, онҳо талош хоҳанд кард, то арзишҳоеро ба меҳмонони ин ҷашн нишон диҳанд, ки дар кишварҳои дигари форсизабон пайдо нест.

Ӯ дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, "ман консепсияи таҷлил аз Наврӯзро омода кардам ва ҳоло чанд маротиба саҳнаҳоро такроран мебинам. Убайдулло Раҷабов бисёр тақозо дорад, ки саҳнаҳои таърихӣ ва лаҳзаҳои таърихии Наврӯз намоиш дода шавад. Мо мехоҳем Наврӯзро ҳамчун муассиси ин рӯзи нав пешниҳод кунем."

Ҳоло коргардонони ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ дар Душанбе Убайдулло Раҷабов, Набӣ Ҷалолов, Барзу Абдураззоқов ва Баҳодур Миралибеков, ки аз ҳунармандони шинохтаи кишвар ҳастанд, мувофиқ ба чаҳорчӯби пешниҳодии президент банду басти таҷлили Наврӯзро омода доранд.

Акбари Турсон
Акбари Турсон
Онҳо мегӯянд, дар яке аз вариантҳои сенарияи таҷлили Наврӯз иҷрои саҳнае аз Гурӯғлӣ ҷой дода шуда буд. Аммо бо пешниҳоди раисиҷумҳур ба далели ин ки Гурӯғлӣ ба Наврӯз рабт надорад, ҳазф гардидааст.

Баҳодур Миралибеков, яке аз коргардонони ин ҷашн мегӯяд, қабл аз омодагӣ гурӯҳҳои корӣ ба навоҳии кишвар сафар намуда, одатҳои мухталифи наврӯзии манотиқи кишварро бо худ оварда ва ба сенарияи таҷлил ҳамроҳ кардаанд.

Ҷаноби Миралибеков меафзояд, феълан тибқи барномаи таҷлил, барои сарони 14 кишвари ҷаҳон, ки дар ҷашни Наврӯз ҳузур хоҳанд дошт, барномаи созу тарона низ омода мекунанд.

Тавре Кумитаи тадорукоти омодагӣ ба таҷлил аз Наврӯз мегӯяд, дар ҳошияи таҷлили ин иди байнулмилалӣ дар Душанбе, Конфронс оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон, ки дар сатҳи вазирон баргузор хоҳад шуд, низ сурат мегирад.

Кумитаи тадорукоти ҷашни Наврӯз иттилоъ медиҳад, ки аз ҳоло беш аз 40 кишвари ҷаҳон ва ҳудуди 35 созмони ҷаҳонию минтақаӣ изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар маросими таҷлили Наврӯз дар Душанбе ва дар конфронси бахшида ба ҳамкориҳо бо Афғонистон ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG