Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати раҳбари аршади "Толибон" бар асари зарбаи ҳавоӣ


Бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар шаҳри Мироншоҳ, воқеъ дар минтақаи Вазиристони шимолии Покистон, Бадр Мансур, раҳбари аршади "Толибон"-и Покистон ба ҳалокат расид.

Ба иттилои намояндаи толибон дар ин ҳамла ҳамсар ва ду узви дигари хонаводаи Бадр Мансур ҳам кушта шудаанд.

Бадр Мансур аз тарҳрезони ҳамлаи террористӣ дар моҳи майи соли 2010 дар Лоҳур маҳсуб мешуд. Дар он ҳамла тақрибан сад нафар ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG