Пайвандҳои дастрасӣ

Саркозӣ: "Ҳамла ба Эрон роҳи ҳалли муносиб нест"


Николя Саркозӣ, раисиҷуиҳури Фаронса

Николя Саркозӣ, раисиҷуиҳури Фаронса

Раисиҷумҳури Фаронса ва як мақоми вазорати хориҷаи Русия ҳамла ба Эронро "роҳи ҳалли номуносиб" хондаанд.

Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса ҳар гуна ҳамлаи низомӣ бар зидди Эронро "роҳи ҳалли номуносиб" барои муқобила бо барномаи атомии ҷумҳурии исломӣ донистааст.

Ӯ дар ҷамъи гурӯҳи яҳудиёни Фаронса хотирнишон кардааст, ки роҳи барқарории амният дар Исроил ҳеҷ гоҳ аз тариқи низомӣ ба даст намеояд.

Ҷаноби Саркозӣ гуфтааст, хостори он нест, ки иқдоми ҷуброннопазире дар баробари Эрон сурат бигирад. Вай афзуд, "роҳи ҳалли муқобила бо барномаи атомии Эрон сиёсӣ ва дипломатӣ аст. Роҳи ҳал дар таҳримҳост. Мо мехоҳем, раҳбарони Эрон бидонанд, ки хатти қирмиз ё сурхро гузаштаанд."

Ин изҳороти раисиҷумҳури Фаронса дар ҳоле баён мешавад, ки дар канори таҳримҳои шадиди иқтисодӣ ва сиёсӣ алайҳи Эрон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ, гумонзаниҳо дар хусуси эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эрон низ шиддат гирифтааст.

Дар баробари изҳороти Николя Саркозӣ, раиси департаменти амният ва халъи силоҳи вазорати умури хориҷии Русия нисбат ба оқибатҳои ногувори шиддат гирифтани изҳороти Исроил дар мавриди барномаи ҳастаии ҷумҳурии исломӣ ҳушдор додааст. Вай паёмадҳои ҳамлаи низомӣ ба таъсисоти ҳастаии Эронро "мусибатбор" номидааст.

Қаблан, Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида эълон дошта буд, ки ҳанӯз давлати Исроил дар мавриди ҳамлаи низомӣ ба Эрон тасмим нагирифтааст.

Бо ин вуҷуд, рӯзи якшанбе (5-уми феврал) Эрон гуфт, ба ҳар кишваре, ки ба Эрон ҳамла мебарад, ҷавоб хоҳад дод. Хабаргузории нимарасмии Форс аз қавли генерал Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи Горди инқилоб навиштааст, ҳар нуқтае, ки аз он ҷо ҳамла ба Эрон оғоз шудааст, мавриди ҳамлаи ҷавобӣ қарор хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG