Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 4 мусаллаҳ дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин


Дар шаҳри Мироншоҳ, воқеъ дар минтақаи Вазиристони шимолии Покистон, бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин чаҳор мухолифи ҳукумат кушта шуданд.

Ба иттилои расмӣ, манзиле ҳадаф қарор гирифт, ки он ҷо афроди мусаллаҳ панаҳ бурда буданд. Як мушак дар хонаи ҳамсоя таркид ва аз ин рӯ теъдоди кушташудагон шояд бештар бошад,

Дирӯз дар ҳамин гуна зарба дар як деҳаи канори Мироншоҳ даҳ мусаллаҳ ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG