Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо гузашти як сол шаҳрдории Душанбе барои роҳандозии мактаби шабона дар пойтахт иҷоза надодааст.

Ба иллати мушкили молӣ ва набуди шароити таҳсил бори сеюм аст, ки роҳандозии мактабҳои шабона дар Душанбе ба замони дигар гузошта мешавад.

Ёдгор Шарифов, муовини сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфт, ҳанӯз ниҳодҳои дахлдор дар ин масъала ба мувофиқа наомадаанд.

Ба қавли ӯ, ҳарчанд теъдоди хоҳишмандон барои таҳсили шабона дар ҳоли афзоиш аст, аммо то ҳол таърихи ифтитоҳи ин мактаб мушаххас нашудааст. Ӯ дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, "зиёда аз 600 нафар ариза доданд, вале мо танҳо аризаи 417 нафарашонро қабул кардем. Зеро боқимондаи онҳо ба талаботи таҳсили шабона мувофиқ нестанд. Хоҳишмандон зиёданд. Синфҳои шабона бояд дар 4 ноҳияи шаҳр дар дохили мактабҳои рақами 10, 25, 28 ва 35 ба фаъолият шурӯъ кунанд."

Ба қавли ҷаноби Шарифов, аксари хоҳишмандоне, ки шабона таҳсил кардан мехоҳанд, онҳое ҳастанд, ки бо айби доштани шаҳодатномаи қалбакӣ аз донишгоҳҳои кишвар хориҷ шудаанд. Ҳамчунин вай гуфт, нафароне аз оилаҳои камбизоат низ ҳастанд, ки рӯзона мехоҳанд кор кунанд ва шабона таҳсил.

"Дар навбати аввал аризаи ҳамон онҳое қабул шуд, ки бо роҳҳои гуногун пас аз хатми синфи 9 шаҳодатномаи қалбакӣ ба даст овардаанд. Боз ҳастанд нафароне, ки синфи 9-ро хатм кардаанд ва мехоҳанд рӯзона кор ва шабона таҳсил намоянд",-гуфт муовини мудири маорифи шаҳри Душанбе.

Мутахассисони риштаи маорифи Тоҷикистон аз роҳандозии мактабҳои шабона дар пойтахти кишвар истиқбол мекунанд. Беҳрӯз Шукруллоев, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуфт, ин амр таҷрибаи даврони Шӯравии пешин буда, имрӯз низ ба чунин мактабҳо зарурат аст. Ӯ афзуд, "агар ба таърихи гузашта назар кунем, махсусан, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ мактабҳои шабона фаъол буданд. Ин мактабҳоро барои он кушода буданд, ки насли аз низоми омӯзиш қафомонда ва синну солашон бузург, рӯзона таҳсил карда имкони таҳсил карданро надоштанд."

Ин устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, агар низоми таҳсили шабона мисли мактабҳои ҳамагонӣ бошад, пас, ниёзе барои фаъол кардани онҳо нест. Зеро ба таъкиди вай, таҷриба нишон медиҳад, ки таҳсил дар мактабҳои ҳамагонии кишвар ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.

Дар зимн, дар даврони Шӯравии пешин дар Тоҷикистон мактабҳои таҳсили шабона хеле фаъол буданд ва талабгорони зиёде низ доштанд. Танҳо дар шаҳри Душанбе бештар аз 130 мактаби шабона фаъол будааст.

Дар бораи таъсиси мактабҳои шабона соли гузашта вазири маорифи пешин Абдуҷаббор Раҳмонов иқдом карда буд. Вале бо гузашти як сол то кунун ин тадбир мавриди амал қарор нагирифтааст.

Агарчӣ иҷозаи шаҳрдории Душанбе барои роҳандозии чунин мактабҳо муҳим арзёбӣ мешавад, вале шаҳрдорӣ то кунун посухи мусбат надодааст. Бархе аз соҳибназарон масоили амниятиро сабаби то ҳол иҷоза надодани шаҳрдории Душанбе медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG