Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар Маскав


Анвар Юнусов, муштзани тоҷик (аз тарфи рост)
Анвар Юнусов, муштзани тоҷик (аз тарфи рост)

Анвар Юнусов, варзишгари тоҷик, дар сабқати WSB (Cилсилаи ҷаҳонии бокс) дар шаҳри Маскави Русия пирӯзӣ ба даст овард.

Анвар Юнусов, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, дар ҳайати бошгоҳи “Динамо”-и Маскав дар рақобатҳо дар вазни то 54 килограмм бар Иван Фигуренко аз тими амрикоии “Los Angeles Matadors” дастболо шуд.

Баъд аз панҷ раунд ҳарсе довар қаҳрамони Осиё Анвар Юнусовро бо ҳисоби якхелаи 50:45 ғолиб донистанд.

Дар ҳисоби дастаӣ бошгоҳи “Динамо” (Маскав) бар “Los Angeles Matadors” (ИМА) бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад.

Вале муштзани дигари тоҷик Мададӣ Нағзибеков, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, дар сабқати WSB дар ҳайати бошгоҳи бокси шаҳри Бокуи Озарбойҷон - “Baku Fires” дар рақобатҳо дар вазни то 61 килограмм аз Александр Чади алҷазоирӣ,намояндаи бошгоҳи фаронсавии “Paris United”, мағлуб гашт. Як довар муштзани тоҷикро бо ҳисоби 48:47 ғолиб донист, вале ду нафари дигар рақиби Нағзибековро бо ҳисобҳои 48:47 ва 50:45 пирӯз ҳисобиданд.

Ин аввалин бохти Мададӣ Нағзибеков дар сабқати WSB маҳсуб мешавад. Ва аммо ӯ дар айни ҳол дар феҳристи WSB (Cилсилаи ҷаҳонии бокс) дар вазни то 61 килограмм дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дар ҳисоби дастаӣ бошгоҳи“Baku Fires” (Озарбойҷон) бар “Paris United”
(Фаронса) бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG