Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Cукут. 40 рӯз пас аз марги фоҷиабори "Бобои барфӣ"


Парвиз Давлатбеков

Парвиз Давлатбеков

Бархе аз корбарони Фейсбук рӯзи 10-уми февралро ба хотири Парвиз Давлатбеков "рӯзи сукут" эълон кардаанд.

Онҳо мегӯянд, рӯзи 10-уми феврал аз фоҷиаи кушта шудани Парвиз Давлатбеков, ки дар тан либоси Бобои барфӣ дошт, чиҳил рӯз сипарӣ мегардад.

Зафар Абдуллоев, хабарнигори тоҷик рӯи сафҳаи худ дар шабакаи Фейсбук навиштааст, "шахсан Парвизро намешинохтам ва бовар дорам бисёре аз Шумо низ. Аммо ҳамаи мо мехоҳем аз ҳаққу шарафи худ дифоъ кунем. Ман мехоҳам дар шабака рӯзи хотираи ӯро баргузор кунам, рӯзи сукут. Аз Шумо ҳам хоҳиш мекунам, то ба ин маърака бипайвандед."

Ҷаноби Абдуллоев дар ин паёми худ гуфтааст, бояд дар рӯзи 10-уми феврал рӯи сафҳаи худ дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ матну шарҳе нанависанд.

Даҳҳо нафар аз корбарони Интернет ин паёми хабарнигори тоҷикро дар саҳифаҳои худ ҷой додаанд ва ё онро ба дӯстонашон ирсол кардаанд.

Парвиз Давлатбеков, ки либоси Бобои барфӣ дар тан дошт, шаби соли нави милодии 2012 дар Душанбе ҳадафи ҳамлаи гурӯҳе қарор гирифт ва кушта шуд.

Ҳарчанд расонаҳо навиштанд, ки ӯро бо нидои “Ту кофир!” корд задаанд, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ангезаи динӣ доштани куштори Давлатбековро рад намуд.

То кунун дар робита ба ин қазия се нафар -- Шараф Давлатов, донишҷӯи бахши ғойибонаи шӯъбаи иқтисод ва молияии Донишгоҳои Миллии Тоҷикистон, Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев ба ҳайси гумонбаршудагони ин қатл боздошт шудаанд.

Мақомот мегӯянд, шумораи ҳамлакунандагон ба Парвиз Давлатбеков ва ҳамроҳони ӯ бештар буда, ҷустуҷӯи афроди боқимонда идома дорад. Масъулони Вазорати умури дохилӣ чанде пештар дар сӯҳбат ба хабарнигори "Озодӣ" гуфта буданд, ки навори бозпурсии боздоштшудаҳоро низ намоиш хоҳанд дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG