Пайвандҳои дастрасӣ

Путин -- “интихоби безиёнтар аз ду гузинаи бад”?


Владимир Путин, нахуствазири Русия ва яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раёсати ин ҷумҳурӣ

Владимир Путин, нахуствазири Русия ва яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раёсати ин ҷумҳурӣ

Cиёсатмадорон мегӯянд, аксар намояндагони ақаллиятҳои миллии Русия ба ҷонибдорӣ аз Путин овоз хоҳанд дод.

Арманиҳо, озариҳо, чечену тоторҳои муқими Русия ва қирғизҳову тоҷикҳое, ки шаҳрвандии ин кишварро қабул кардаанд, ба бовари сиёсатшиносон, барои додани раъйи худ ба фоидаи раҳбари ҳукумат омода мешаванд.

Ин ҳам дар шароите, ки бархӯрди номзади аслии интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия ба намояндагони қавму миллатҳои ғайрирус баҳсбарангез ва ҳамеша нобаробар будааст.

Дар бунгоҳҳои муҳими назарсанҷӣ, назири "Левада" ё "Маркази сартосарии афкори умуми Русия", ки дар пасманзари эътирозҳои мухолифон набзи ҷомеаро арзёбӣ мекунанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пурсиши махсусе дар заминаи бартарияти интихоботии ақаллиятҳои миллӣ барпо накардаанд.

Айни замон, бо назардошти натиҷаҳои интихоботи порлумонии моҳи декабри соли 2011, аксар таҳлилгарон бар ин боваранд, ки интизор меравад, дар манотиқе назири Қафқози Шимолӣ, аксари раъй насиби номзади ҳизби ҳоким Владимир Путин шавад. Коршиносон мегӯянд, пирӯзии ҳалкунандаи “Русияи Воҳид” дар ин минтақа, мисли соли 2007, танҳо ба хотири истифода аз василаҳои давлатӣ даст додааст.

Арзёбиҳои бетараф ва мухолифин мегӯянд, дар асл дар баробари ҳузури камранги раъйдиҳандагон дар интихобот, таъмини пирӯзии беш аз 90-дарсадии ҳизби ҳоким дар Чеченистону Қабардину Балқор ва ё Доғистон танҳо бар пояи тақаллуби аз пеш тарҳрезишуда имконпазир шудааст.

Алексей Власов

Алексей Власов

Таҳлилгар Алексей Власов мегӯяд, натиҷаҳои раъйгирии порлумонӣ дар Қафқози Шимолӣ барои бисёриҳо чун намунаи аслии хулосаҳои интихоботи президентӣ қабул мешавад: "Дар миёни раҳбарияти ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолӣ ва Кремл ба истилоҳ созише вуҷуд дорад ва маънояш ин аст, ки дар интихоботи президентиву порлумонии Русия раҳбарони ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолӣ пирӯзии номзадҳои ҳизби ҳокимро таъмин мекунанд ва бар иваз, замонатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба даст меоранд, ки кафолати суботи сиёсии ин ҳукуматҳоро таъмин мекунанд."

Як таҳлилгари арманитабори масоили Шӯравии пешин дар маркази Ҷейнс Дефенси Лондон мегӯяд, ақаллиятҳои миллӣ Путинро аз рӯи принсипи “интихоби безиёнтар аз ду гузинаи бад” ҷудо кардаанд. Лилит Геворгян мегӯяд, барои арманитаборону озариҳои шаҳрвандии Русияро пазируфта, ки дар ин кишвар дар давоми солҳои дароз заминаҳои пурқуввати тиҷоративу иқтисодиро бунёд кардаанд, Путин ба маънои ҳифзи сиёсатҳои пешина мақбултар аст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Алексей Власов, маҳбубияти Путин дар миёни баъзе ақаллиятҳои миллӣ, масалан қирғизҳо, бар пояи бардоштҳои суннативу таърихии нақши як раҳбар шакл гирифтааст. Ӯ мегӯяд, "Боқиеву Оқоев дар чашми онҳо давлатмард ё мардони воқеии сиёсӣ нестанд. Путин бошад, дар чашми бисёр сокинони Осиёи Марказӣ маънои нерӯву қудратро дорад."

Коршиносон мегӯянд, таъсири таблиғоти сиёсии ҳукумати Путин тавассути телевизионҳои марказии ин кишвар, ки зери назари Кремлин ҳастанд, барои тавсеаи нуфузи ӯ дар қаламравии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳам хидмат мекунанд. Дар ҳоле ки мардуми ин ҷумҳуриҳо ҳанӯз ҳам ба Русия тамоюл нишон медиҳанд.
XS
SM
MD
LG