Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия конфронси байналмиллалии Сурияро пешниҳод кард


Аҳмет Довутуғлу

Аҳмет Довутуғлу

Аҳмет Довутуғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия изҳор дошт, ки кишвараш омода аст мизбонии як конфронси байналмиллалӣ роҷеъ ба Сурияро бар ӯҳда бигирад. Вай рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳибае ба хабаргузории Ройтерз дар Анкара гуфт, агар Шӯрои Амнияти СММ дар масъалаи Сурия ноком шудааст, кишварҳои дигари ҳамфикр бояд роҳҳои дигарро пайдо кунанд ва ба ҷонибдорӣ аз мардуми Сурия паём фиристанд:

“Агар Шӯрои Амнияти СММ аз ҳақи зисти шаҳрвандони Сурия натавонад ҳимоят кунад, дар он сурат роҳи дигаре барои баррасии он бояд вуҷуд дошта бошад. Мо наметавонем нозирони хамӯш бошем”.

Аз сӯи дигар Владимир Путин-нахуствазири Русия ба Ғарб ҳушдор дод ва гуфт, ки мардуми Сурия худашон бояд дар бораи сарнавишти худ тасмим бигиранд.
XS
SM
MD
LG