Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурияи ноором. Нигоҳҳо аз Тоҷикистон


in Duma, a northeastern suburb of the capital Damascus, 29Aug2011

in Duma, a northeastern suburb of the capital Damascus, 29Aug2011

Кишварҳои ғарбӣ ба думболи Амрико, яке пушти дигаре сафирони худро аз Димишқ берун мекашанд.

Онҳо режими Башор Асадро омили қатлу куштор унвон карда ва хостори қатъи робитаи дигар кишварҳо бо ин режиманд. Кишварҳои узви Лигаи арабӣ низ сафоратҳои худро дар Димишқ бастаанд.

Аммо ин ҳанӯз кишварҳои минтақа ва Тоҷикистонро такон надодааст. На дар ҳимоят режими Башор Асад ва на дар маҳкум кардани мухолифони он. Дар ҳоле, ки бархе сиёсатмадорон мӯътақиданд, ки Тоҷикистон бояд аз Башор Асад ва режими ҳоким дар Сурия пуштибонӣ кунад.

Амир Қароқулов, вакили МН ва раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд: «Бояд Шом, Сурияро аз чанголи беадабону ғоратгарон ҳимоят карда шавад. Мо бояд миллат ва мардуми ҳамон кишварро ҷонибдорӣ кунем. Ман мавқеъи Чин ва Русияро ҷонибдорӣ мекунам.»

Аммо бархе дигар аз коршиносон ва сиёсатмадорон ба ин боваранд, ки қазияи Сурия мақомоти Тоҷикистонро дар дуроҳа қарор додааст ва мақомоти тоҷик ба мушкил хоҳанд тавонист, ки мавзеъи худро дар ин замина ошкор кунад.

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили МН ва муовини раиси ҲНИТ дар ин замина мегӯяд: «Агар мақомоти Тоҷикистон аз мухолифони Сурия ҷонибдорӣ кунанд, ин ба маънои он аст, ки аз исломгароҳо ҷонибдорӣ мекунанд. Агар аз Саидумар Ҳусайнӣ

Саидумар Ҳусайнӣ

Башор Асад ҷонибдорӣ кунанд, худро дар муқобили Амрико ва Аврупо қарор додан аст. Ҳамин хел мондаанд дар миёна, намедоданд кадом тараф майл кунанд. Ҳоло хомӯшанд ва нигаҳ доранд, ки паллаи тарозу ба кадом тараф вазининтар мешавад, баъд ҳамон тараф бор мегиранд.»

Оқои Ҳусайнӣ, ки ахиран аз сафари кишварҳои арабӣ пас гаштааст, мегӯяд, ҳеҷ тарафе дар қазияи Сурия дар тарафи ҳаққи комил қарор надорад. Ин вакили парлумони Тоҷикистон афзуд, ба бардоште, ки ӯ ҳосил кардааст, бо аз миён бурдани як ҷониб, масъала ҳал намешавад. На тақозои мухолифон ва Ғарб воқеъист, ки Асад аз миён биравад ва на тақозои Асад, ки мехоҳад мухолифонро саркӯб ва нест кунад. Зеро дар пушти ҳар ду тараф, ҷомеаи Сурия ду тақсим шудааст.

Аммо бархе коршиносони дигар ба ин боваранд, ки Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти робитаҳои осебпазире, ки бо Русия дорад ва дар шароите, ки Русия қатъномаи алайҳи Башор Асадро вето кардааст, роҳе ба ҷуз аз қарор гирифтан дар мадори Маскав дар қиболи қазияи Сурияро надорад. Аз сӯи дигар ҳам Чин- муҳимтарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон аст, ки ин қатъномаро вето кардааст.

Аз ин ҳам муҳимтар Тоҷикистон низ як кишвари худкома аст ва эҳтимолан имкон дорад раҳбарияти он дар садади озмудани таҷрибаи беш аз чиҳилсолаи Сурия дар интиқолу муомилаи қудрат бошад. Сурия аз соли 1970 то соли 1996 тавассути генерал Ҳофиз Асад идора мешуд ва аз соли 1996 ба ин сӯ Башор Асад, писари ӯ ба Сурия ҳукумат мекунад.

Амнияти Абдуназар

Амнияти Абдуназар

Амнияти Абдулназар, муовини раиси ҲСДТ мегӯяд, ки агар мақомоти Тоҷикистон аз нерӯҳои мухолифи режими диктатураи Асад бо даъвати кишварҳои ғарбӣ ҳимоят кунанд, мисли он аст, ки гӯё мухолифи худ қиём кардаанд: «Сабаби хомӯшии Тоҷикистон дар он аст, ки аз он кишвар ҳеҷ фарқияте надорад. Ин ҳам мисли Сурия як кишвари худкома аст. Ин кишварҳо ба хотири ҳукумати тӯлонии хеш қонунҳоро зери по мекунанд. Сурия ҳам кишварест, ки ҳукумат аз як нафар ба ворис, яъне аз падар ба писар гузаштааст. Ин дар кишварҳои исломӣ, махсусан шӯравии собиқ расм шудааст. Сабаби хомӯшӣ ҳамин аст


Аммо ин ҳама дар ҳолест, ки намояндагони гурӯҳи ҳоким мегӯянд, Тоҷикистон дар ин қазия бар асоси муқаррароти байналмилалӣ амал хоҳад кард. Агарчанд Сӯҳроб Шарифов, вакили МН аз ҲХДТ мегӯяд, мавзеъи Чин ва Русия дар ин қазия дуруст ва қобили дастгирист. Ва Тоҷикистон дар ин масъала танҳо ба таъйиноти СММ ва ниҳодҳои марбути он амал хоҳад кард.

Оқои Шарифов мегӯяд: «Мавқеъ бояд таносуб дошта Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

бошад. Ин бӯҳрони сиёсати дохилии Сурия мебошад ва Сурия бояд роҳҳои ҳалли он ва сулҳу суботро дарёфт кунад.»

Оқои Шарифов мегӯяд, Тоҷикистон дар мухолифатҳои дохилии кишвари дигар дар ҷониби яке аз тарафҳо қарор нахоҳад гирифт. Зеро ин боис ба доман задани ҷанги дохилӣ мешавад.

Аммо дур нест фурсате, ки маълум шавад, вазни тарозу ба кадом тараф бор хоҳад гирифт. Он гоҳ мавзеъи Тоҷикистон ҳам бештар маълум хоҳад шуд. Ҳоло мусаллам ин маълум аст, ки Башор Асадро маҳкум намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG