Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Пиллай ба иқдоми билофосила дар Сурия


Нирӯҳои Сурия дар канори аҷсоди кушташудагон дар Ҳумс
Нирӯҳои Сурия дар канори аҷсоди кушташудагон дар Ҳумс
Раҳбари идораи ҳуқуқи башари СММ хостори иқдоми билофосилаи байналмилалӣ ба хотири дифоъ аз мардуми мулкӣ дар Сурия шуд. Ин дар ҳолест ки амалиёти нирӯҳои давлатии Сурия дар атрофи шаҳри ошӯбзадаи Ҳумс 5 рӯз боз идома дорад. Навӣ Пиллай гуфт, «нокомии Шӯрои Амнияти СММ ҷиҳати иқдоми муштараки қотеъона зоҳиран ба омодагии давлати Сурия барои куштори мардумаш ба хотири саркӯбии ошӯбҳо афзуд.»Русияву Чин ҳафтаи гузашта ба қатъномаи Шӯрои Амният вето гузоштанд. Русия имрӯз гуфт, Башор Асад барои «муколама» омода ҳаст.
XS
SM
MD
LG