Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати «Газпром»-и Русия мехоҳад, дар ивази истихроҷи гази Тоҷикистон аз сабукиҳо дар андоз бархӯрдор бошад.

Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ширкати русии «Газпром» ҳарчӣ зудтар истихроҷи газро дар Тоҷикистон ба роҳ монад. Дар иваз «Газпром» хостааст, барояш дар андозбандӣ сабукиҳо дода шавад. Он афзудааст, ки идомаи корҳои пажӯҳишӣ дар Тоҷикистон ба хотири мушкилии шароити ҷуғрофии Тоҷикистон, ки бештар кӯҳсор аст, риски зиёд дорад ва аз лиҳози иқтисодӣ шояд судманд намебошад.

Мақомоти ширкати «Газпром» ин масъаларо дар Душанбе бо Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон матраҳ карданд.

Азим Иброҳим, раиси Саридораи геология тоҷик, ки дар ин гуфтугӯҳо ширкат дошт, дар сӯҳбат бо Озодӣ дар посух ба ин суол, ки то чӣ андоза иддаои ширкати «Газпром» дар бораи имтиёз қоил шудани Тоҷикистон ба ин ширкат воқеият дорад гуфт, мавзӯи додани имтиёз ин салоҳияти давлат аст.

Вай афзуд: «Аз нуқтаи назари касбӣ , 93 дарсади Тоҷикистон, ки кӯҳсор аст, барои ҳамин метавонад дар корҳои кашфиётӣ хароҷоти ғайрчашмдошт пеш биояд. Масалан сохтани роҳ, маҳал барои васл кардани таҷҳизоти пажӯҳишӣ, истифодаи ҳавопаймо ва ғайра дар ин ҳолат риски ин корҳоро афзоиш медиҳад нисбат ба маҳалли ҳамвор.»

Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон низ дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки воқеан ҳам ширкати «Газпром» дар парма кардани чоҳи газ дар манбаи Сариқамиш ба мушкил рӯбарӯ шудааст, ки харҷи бештари маблағро талаб мекунад.

Муҳиддин Кабирӣ, намояндаи МН мегӯяд, ки ахиран давлат ба парлумон пешниҳод кард, ки ба сохтмони меҳмонхонаҳои панҷситорадор дар ворид кардани маводи сохтмонӣ, ҳамчунин ворид кардани дастгоҳҳо барои маркази дилхушӣ имтиёз қоил шавад. Давлат дар ҳалли ин мушкил дар парлумон муваффақ шуд, пас чаро омада нест, барои бахши муҳими энержӣ, ки дар авлавияти фаъолияти давлат қарор дорад, ба хусус истихроҷи нафту газ, имтиёз қоил шавад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва узви МН

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва узви МН

Дар ҳоле, ки имкон дорад, дар як моҳи оянда хатти лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин мавриди истифода қарор гирад ва Тоҷикистон аз гази воридотии Узбакистон бенасиб шавад. Ва корхонаи «Талко» ва «Тоҷикисемент», ки бо гази воридотии Узбакистон фаъол ҳастанд, аз кор бимонанд.

Ҷаноби Кабирӣ гуфт, чаро мо ба ширкати муштараки тоҷикистонӣ-эронӣ дар тавлиди тракторҳо имтиёз қоил ҳастем, дар ҳоле ин тракторҳо ба фурӯш намераванд. Чаро дар истихроҷи газ ба ширкати хориҷӣ имтиёз қоил нашавем?

Вай афзуд: «Вақте, ки мо бо ширкатҳои хориҷӣ имтиёз қоил ҳастем, бояд ин имтиёз ба як тарҳи хосе бахшида шавад. Барои мисол, агар ширкати «Газпром» ба имтиёз дар барномаи хосе амсоли истихроҷи газ ба имтиёз ниёз дошта бошад, давлат бояд ин имтиёзро ба ин бахши барнома қоил шавад, то ҳар ширкати хориҷие, ки дар иҷрои он вориди саҳна бишавад, бояд аз ин имтиёзҳо бархӯрдор шавад.»



Ин дар ҳолест, ки ширкати «Газпром» дар парма кардани чоҳи газ дар манбаи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав, ки мояи умедвории давлати Тоҷикистон дар истихроҷи гази худӣ аст, ба мушкили масрафоти бештар рӯбарӯ шудааст ва имтиёзҳо метавонанд риски ин ширкат дар ин заминаро коҳиш диҳад.

Бо вуҷуди ин ҳама, ширкати «Газпром» қавл додааст, ки пармаи чоҳи Сариқамишро то охири соли ҷорӣ ба поён хоҳад расонд.

Дар ҳамин ҳол Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон аз ширкати «Газпром» тақозо кардааст, ки пас аз поёни парма кардани чоҳи Сариқамиш, ба парма кардани манбаи ғарби Шоҳамбарӣ оғоз кунад, зеро ин манбаъ низ бар асоси пешгӯии геологҳо, аз захираи ғании газ бархӯрдор аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG