Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси мушкили раҳбарони Юнони буҳронзада


Лукас Пападемос
Лукас Пападемос
Раҳбарони эътилофи ҳокими Юнон ба сӯи ахзи тавофуқ ҷиҳати коҳиши масрафот ба хотири касби 130 миллиард евро кумаки ҷадиди байналмилалӣ талоши дигар мекунанд. Ин кумак ба хотири аз вартаи расвоии молӣ наҷот додани Юнон аст, аммо се нишасти қаблӣ дар ин мавзӯъ бенатиҷа анҷом ёфт. Бино ба хабарҳо, тарҳи ниҳоие, ки сарвазир Лукас Пападемос имшаб бо мақомоти ИА, Бонки марказии Аврупо ва Сандуқи байналмилалии пул дар миён хоҳад гузошт, аз ҷумла 20 дарсад коҳиш додани маоши ҳадди ақал ва ихтисори 15 000 ҷои кориро дар бар хоҳад гирифт. Рӯзи сешанбе дар Юнон коргарони нақлиёти ҷамъиятӣ корпартоӣ карданд ва ба дунбол дар Афина эътирози ҳудуди 20 000 нафар алайҳи коҳиши хароҷот доир шуд.
XS
SM
MD
LG