Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

С.Лавров: "Асад ба муколама омода аст"


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад. 7-уми феврали соли 2012, Димишқ

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад. 7-уми феврали соли 2012, Димишқ

Вазири хориҷии Русия Сергей Лавров, ки рӯзи сешанбе бо Башор Асад вохӯрдааст, ба суол дар бораи барканоршавии ӯ посух надод.

Ҷаноби Лавров мегӯяд, президент Асад ба муколама бо мухолифин омодааст. Ба қавли Сергей Лавров, натиҷаи чунин музокирот набояд аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ пешқазоват шавад: “Ҳар натиҷаи музокироти миллӣ бояд дар чорчӯби ризояти тарафҳои музокироти байнисуриягиҳо буда, аз сӯи мардуми ин кишвар қабул шавад.”

Ҷаноби Лавров ҷонибҳои манфиатдорро даъват кард, ки аз таъсири худ рӯи мухолифин истифода бурда, онҳоро ба музокирот бо ҳукумати Сурия ташвиқ кунанд.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Туркия нақшаи баргузории конфронси байналмилалӣ бахшида ба Сурияро эълон кардааст. Ба гуфти вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу, конфронс бояд бо ширкати кишварҳои минтақа ва кишварҳои абарқудрат барпо шавад. Довудоғлу бо ҳадафи арзёбии вазъи Сурия ба Вашингтон сафар кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Русия тасмими бозхонди сафирони шаш кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои кишварҳои Халиҷро танқид кард ва гуфт, ки ин иқдом иҷрои ташаббуси хатми хушунат дар Сурияро душвор мекунад.

Ҷомеаи кишварҳои араб пешниҳод кардааст, ки ҳамзамон бо оташбас, президент Асад ҳукуматро ба ноибаш супорад. Ҳафтаи равон Русия ҷонибҳои даргири Сурияро ба музокироти сулҳ дар Маскав даъват кард, вале мухолифин ин ташаббусро рад карданд.

Рӯзи сешанбе сухангӯи вазорати корҳои хориҷии ИМА Виктория Нуланд гуфт, президент Асад барои хатми хушунат 11 моҳ дошт, вале кореро анҷом надод. Ӯ афзуд, ки нерӯҳои вафодор ба Асад ҳамлаҳо болои мардуми бегуноҳи шаҳрҳои мухталифи Сурияро идома медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG